Беҳбудии беш аз 325 ҳазор нафар аз беморони короноӣ дар Эрон
(last modified Tue, 01 Sep 2020 11:26:33 GMT )
Сентябр 01, 2020 16:26 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 325 ҳазор нафар аз беморони короноӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро беш аз 325 ҳазор нафар эълом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Симо  Содот  Лорӣ рӯзи сешанбе дар бора охирин омори мубталоён ба вируси корона дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта  як ҳазору 682 бемори ҷадиди Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд, ки 786 нафар аз онон бистарӣ шуданд ва ба бақия низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .Лорӣ гуфт маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 376 ҳазору 894 нафар расидааст, ки аз ин теъдод токунун 325 ҳазору 124 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта  101 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданду маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 21 ҳазору 672 нафар расидааст .Теъдоди беморони Ковид - 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 25 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти ‌кам 855 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 18 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .