Сентябр 01, 2020 17:03 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари Инқилоби Исломӣ: Аморот ба ҷаҳони ислом ва Фаластин хиёнат кард

Раҳбари Муаззами Инқилоби Исломӣ, иқдоми давлати Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро хиёнат ба дунёи ислом, ҷаҳони араб, кишварҳои минтақа ба масъалаи муҳими Фаластин хонданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ субҳи рӯзи сешанбе дар иртиботи тасвирӣ бо вазир , муовинон , мудирон ва раисони Вазорати омӯзишу парвариши Эрон дар сӣю чаҳорумин иҷлоси омӯзишу парвариш , бо ишора ба оддисозии равобити Имороту режими саҳюнистии гуфтанд : ин вазъият дерӣ нахоҳад пойид, аммо лаккаи нанги он бар пешонии касоне ки ба зӯр гирифтани кишвару овора кардани миллати Фаластинро ба фаромӯшӣ супурданд ва поёи саҳюнистҳоро  дар минтақа боз карданд , боқӣ хоҳад монад .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз ҳамкории ҳукумати Амороти Муттаҳида бо амалҳои бераҳмонаи режими саҳюнистӣ ва унсурони бадрафдори саҳюнистӣ, ки дар маъмурияти ИМА ҳузур доранд, алайҳи манфиатҳои ҷаҳони ислом ва минтақа изҳори таассуф карданд ва илова карданд: "Умедворем, ки ИМА ба зудӣ бедор хоҳад шуд ва ин корашонро ҷуброн хоҳад кард."
Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ дар бахши дигаре аз суханонашон бо ишора ба исрори ғарбиҳо барои нуфуз дар омӯзишу парвариши кишварҳо бо ангезаи таҳмили сабки зиндагии ғарбӣ , аз санади 2030 ва ё нуфуз дар омӯзишу парвариши бархе кишварҳои минтақа ба унвони намунае  ёд карданду гуфтанд : имрӯз  фалсафаи иҷтимоии Ғарб дар худ ғарби шикастхӯрда ва мазоҳири фасодангези он азҲолливуд то Пентогон комилан намоён аст .
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо таъкид бар ҳассосият дар муқобили нуфузи душман тасреҳ карданд : душман қасд дорад кореро, ки ба таври низомӣ аз анҷоми он нотавон аст , бо нуфуз ва аз роҳҳое монанди санади 2030 ва сохтани инсонҳое тарбият кунад, ки мисли у фикр кунанду аҳдофи амалиётӣ уро пиёда кунанд то заминаи ғорати миллатҳо фароҳам шавад .
Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ ҳамчунин сӯгвории миллати Эрон дар даҳаи аввали муҳаррами имсолро падидае дар торихи кишвар донистанду афзуданд : « бо вуҷуди маҳдудиятҳои шадиди ношӣ аз корона , мардум , гӯяндагон ва марсияхонон , зимни ҳифзи шӯри Ҳусейнӣ ва ташкили маҷлисҳои азиму маънавӣ , дастуруламалҳоро риоят карданд, ки ба унвони як муриди аҳли байт , самимона аз ҳамаи азизон ташаккур мекунам .»

Барчасп