Сентябр 01, 2020 22:52 Asia/Dushanbe

Корвони асирони Карбало то расидан ба Димишқ, маркази хилофати Язид, 60 манзилгоҳро дар сахттарин шароит пушти сар гузоштанд.

Асирони Карбало, ки наберагони Паёмбари Акрам (с.а) ва занону кӯдакони шаҳидони Карбало буданд рӯзи 12 муҳаррам дар дуввумин манзилгоҳи сафари ранҷбори худ ба минтақаи Ҳаннона дар Наҷаф расиданд то субҳи 13 муҳаррам ба кохи Убайдуллоҳ бин Зийёд ҳокими Куфа бурда шаванд.