Беҳбудии ҳудуди 327 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57067-Беҳбудии_ҳудуди_327_ҳазор_бемори_коронаӣ_дар_Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 327 ҳазор нафар эълом кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2020 12:03 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 327 ҳазор бемори коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 327 ҳазор нафар эълом кард.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт, дар 24 соати гузашта ҳазору 858 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуданд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 378 ҳазору 752 нафар расидааст, афзуд: дар 24 соати гузашта 125 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 21 ҳазору 797 нафар расид.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 326 ҳазору 801 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфтаву аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба ҳудуди 26 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти‌кам 861 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаву беш аз 18 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.