Кинояи зарифи Зариф ба одисозии равобити Иморот ва Исроил
(last modified Wed, 02 Sep 2020 15:01:12 GMT )
Сентябр 02, 2020 20:01 Asia/Dushanbe
  • Кинояи зарифи Зариф ба одисозии равобити Иморот ва Исроил

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме дар Твиттер бо бо интишори тасвире аз як низомии саҳюнист, ки зонӯи худро рӯйи гардани як шаҳрванди фаластинӣ фишор медиҳад, таъкид кард: “Танҳо чизе ки одӣ шуда, фишори зонӯи саҳюнистҳо бар гардани фаластиниҳост”.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар ҳисоби корбарии худ дар Твиттер бо интишори ин акс ва ёдоварии одисозии равобити Иморот бо режими саҳюнистӣ навишт: “Одисозӣ бо Исроили? танҳо чизе ки одӣ шуда, ин [фишори зонӯи саҳюнистҳо рӯйи гардани фаластиниҳо] аст”.

Видеое ба тозагӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шудааст, ки як низомии саҳюнистро дар ҳоле нишон медиҳад, ки зонӯи худро рӯйи гардани як шаҳрванди миёнсоли фаластинӣ мефишорад, ки дар раванди эътирозот дар Каронаи бохтарӣ боздошт шуда буд.

Дар пайи талошҳои Доналд Трамп, раисҷумҳурии Амрико барои тасҳили раванди одисозии равобит байни Имороту режими саҳюнистӣ, ахиран Абузаби ва Тел-Авив бар сари одисозии комили равобити дипломатӣ ба тавофуқ расиданд.

Тавофуқи Исроил ва Иморот мавҷе аз эътирозоти густардаро аз сӯйи гурӯҳҳои фаластинӣ, кишварҳои минтақа ва шуморе аз шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон дар пай доштааст.