Ёде аз профессор Ҳисобӣ - танҳо шогирди эронии Эйнштейн + филм
28 сол қабл дар чунин рӯзе профессор Маҳмуди Ҳисобӣ, падари физики навин ва муҳандисии донишгоҳии Эрон дида аз ҷаҳон фурӯ баст. Донишманди барҷастаи эронӣ, ки дар соли 1990 унвони марди илмии ҷаҳонро касб кард.
Хонаи ӯ пас аз маргаш дар Теҳрон табдил ба музее шуд, ки дар он васоили шахсӣ, мадорики илмӣ ва таҳсилӣ, нишонҳо ва тақдирномаҳо, аксҳои қадимӣ ва навиштаҳояш ба намоиш гузошта шудааст.
Профессор Ҳисобӣ, ки танҳо шогирди эронии Эйнштейн буд, Қуръони карим ва девони Ҳофизро ҳам аз ҳифз медонист ва бар китобҳои “Бӯстон” ва “Гулистон”-и Саъдӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва “Маснавии маънавӣ”-и Мавлавӣ ашрофи комил дошт.
Зиндаёд Ҳисобӣ бо шеъру мусиқии суннатии Эрон ва мусиқии классики Ғарб ба хубӣ ошно буд ва дар варзиш ҳам дар риштаи шино муваффақиятҳое касб карда буд.