Беҳбудии ҳудуди 328 ҳазор нафар аз беморони куруноӣ дар Эрон
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории куруно дар кишварро ҳудуди 328 ҳазор нафар эълом кард.
Симо Содот Лорӣ, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси куруно дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, як ҳазору 994 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 63 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурат сарпоӣ хадамоте ироа шуд.
Лорӣ бо баёни инки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 380 ҳазору 746 нафар расидааст, афзуд, муттаассифона дар 24 соати гузашта, 129 нафар аз беморони Ковид- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 21 ҳазору 926 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон, токунун 328 ҳазору 595 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.
Теъдоди афроди мубтало ба вируси куруно дар ҷаҳон низ ба беш аз 26 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 867 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 18 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.