Сентябр 04, 2020 20:12 Asia/Dushanbe
  • Эрон иҳонати “Шарли Эбдо” ба ҷойгоҳи муқаддаси паёмбар (с)-ро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон интишори тасовири тавҳиномез ба паёмбари гиромии Ислом (с) дар нашрияи фаронсавии “Шарли Эбдо”-ро ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, Саид Хатибзода бо маҳкум кардани иҳонати нашрияи фаронсавии “Шарли Эбдо” ба ҷойгоҳи муқаддаси паёмбари гиромии Ислом (с) тасреҳ кард, ҳар гуна иҳонат ва беэҳтиромӣ ба паёмбари мукаррами Ислом (с) ва дигар паёмбарони илоҳӣ ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон афзуд, иқдоми тавҳмномези  ин нашрия, ки ба баҳонаи озодии баён такрор шудааст, муҷиби ҷариҳадор шудани эҳсосоти муваҳҳидони олам, иқдоме таҳрикомез ва тавҳин ба арзишҳои исломӣ ва ақоиди беш аз як миллиард мусулмон дар ҷаҳон аст ва бар хилофи бардошти ин нашрия, озодии баён арзиши волое аст, ки бояд ба шакли созандае барои ҳамзистии мусолиматомези навъи башар ва тафоҳуми бештар байни адён ба кор гирифта шавад.

Нашрияи фаронсавии “Шарли Эюдо” сешанбеи гузашта дар густохии ҷадиде бори дигар карикатураҳои ҷанҷолии тавҳиномезеро дар бораи паёмбари гиромии Ислом (с) бознашр кард.

Ин иқдоми иҳонатбор бо маҳкумияти густурда дар ҷаҳони Ислом рӯ ба рӯ шудааст.

Ин карикатураҳо, ки  рӯзи сешанбе муҷаддадан бознашр шуд, нахустин бор дар соли 2005 дар як рӯзномаи данияӣ мунташир шуда буд.

Нашрияи фаронсавии “Шарли Эбдо” дар солҳои ахир борҳо иқдом ба интишори карикатураҳои тавҳиномез дар бораи паёмбари гиромии Ислом (с) кардааст.