Сентябр 05, 2020 15:07 Asia/Dushanbe
  • Дурнамоии созанда дар равобити Эрон ва ожонс

Равобити Эрон ва ожонси байналмилалии энержии атомӣ тайи як солуними гузашта; яъне давраи мудири куллии Рафаэл Кросси ; Рафаэл Кросси ба иллати таъсирпазирии ожонс аз фишорҳои сиёсӣ ва тарҳи бархе мабоҳиси иддаои бесанад ва мадраки марбут ба гузашта; раванди манфӣ доштааст.

 

Аммо ин дидгоҳи манфӣ дар ҷараёни сафари ахири мудири кулли Агентӣ ба Теҳрон ва тавофуқоте, ки дар ҷараёни музокироти фаннӣ ва амниятии Эрон ва Агентӣ ба даст омадаанд; иваз карда шуд. Эъломияи Теҳрон ва акнун Эъломияи Вена аз оғози боби нав дар муносибатҳои Эрону МАГАТЭ хабар медиҳад.
Мудири кулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ рӯзи ҷумъа дар гузориши худ дар робита бо мувофиқатномаи падмании " Эн Пи Ти " бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аз тавофуқи Теҳрон ва ожонсу баёнияи Теҳрон истиқбол кард .
Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ожонси байналмилалии энержии атомӣ , 26 август дар поёни сафари дурӯзаи мудири кулли ожонс ба Теҳрон, баёнияи муштараке содир карданд .
Дар ин баёния омадааст : Эрон ба таври довталабона ба ду макони мушаххасшуда тавассути ожонс дастрасӣ дода ва фаъолиятҳои ростиозмоии ожонсро барои ҳаллу фасли ин мавзӯъот тасҳил хоҳад кард .
Козим Ғарибободӣ, сафиру намояндаи доимии Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ дар Венаи ҳам дар гуфтугӯ бо хабарнигорон изҳор кард; гузориши мудирикулли ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар хусуси мувофиқатномаи амниятии « Эн Пи Ти » бо Ҷумҳурии Исломӣ , дурнамоии созандаеро дар равобити байни Эрону ожонс тарсим мекунад .
Баёнияи Теҳрон нишон дод Ҷумҳурии Исломии Эрон мушкиле бо ожонс дар заминаи ҳамкориҳо ва дастрасиҳои мутаориф надорад  .  
Вазири умури хориҷаи Эрон Зариф дар ин бора дар Твиттӣ тасреҳ кард; " мо чизе барои махфӣ кардан надорем " ва инки " як роҳи ҳалли қобили қабул мумкин аст . " Як роҳ ҳамин аст .

Ин маънои кӯшиши ба даст овардани созиш бо агентиро дорад. Агар созиш ба даст ояд, як ҷабҳаи зиддиэрониро, ки Иёлоти Муттаҳида барои кушод нигоҳ доштан мехоҳад,  баста хоҳад шуд .
 Дар таҳлили ин мавзӯ ду фарзи қавӣ ва наздик ба яқин аз аҳдофи Амрико бар зидди Эрон вуҷуд дорад .
Фарзи аввал; эҷоди тақобули байни Эрон ва ожонс аст, ки гузинаи матлуби мақомоти давлати Трамп ва бархе аносури тундрав дар конгресси Амрико аст .
 Фарзи дувум; тақвияти ҷараёни мунзавӣ кардани Эрон дар саҳнаи байналмилалӣ аст ки ҳамчунон аз гузинаҳои рӯи миз Амрикост.
Амрико, аммо на дар фарзи аввалу на дар фарзи дувум ба натиҷаи дилхоҳ нарасид  . Амрико баъд аз ду шикасти сахт дар Шӯрои Амният; яънӣ мувоҷеҳ шудан бо мухолифатҳои ҷиддӣ бо тамдиди таҳримҳои таслеҳотии Эрон ва нокомӣ дар истифода аз механизми моша, акнун дар проекти тахриби равобити Эрону ожонс ҳам шикаст хӯрдааст .
Иёлоти Муттаҳида мехост аз мавзӯи таҳқиқоти ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи Эрон барои беэътибор кардани Барҷом ва тавҷеҳи сиёсати фишори ҳаддиаксарии худ истифодаи абзорӣ кунад .
 Келси Дэвенпорт, директори сиёсати назорати NSA мегӯяд; Пойбандии Эрон ба ӯҳдадориҳои муҳофизатӣ ба кӯшишҳои ҳукуматҳо барои муқовимат ба фишори ИМА барои татбиқи таҳримоти СММ мусоидат мекунад.
 Эрон бо анҷоми тааҳҳудоти падмании худ дар воқеи талошҳои труикоии аврупоиро барои ҳифзи Барҷом тақвият кард ва ба ин тартиб роҳро барои сӯиистифодаи Амрико аз Шӯрои Амният ва бозгардондани сарии таҳримҳои Созмони Милал алайҳи Эрон масдуд кард .
 Акнун ҳамонгуна, ки сафиру намояндаи доимии Эрон назди Созмонҳои байналмилалӣ дар Вена хотирнишон кардааст; Эрон интизор дорад баёнияи муштарак ва гузориши мудирикулл , иқдоме асосӣ дар ҷиҳати оддисозии мавзӯи амниятии муртабит бо Эрон дар ожонси байналмилалии энержии атомӣ бо иҷрои мустақил , бетарафона ва ҳирфае тавофуқоту тааъҳудот маҳсуб шавад .