Сентябр 06, 2020 16:23 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз чанд қитъаи гулӯгоҳии худрав, сохти мутахассисони саноати дифоъии Эрон

Чанд қитъаи гулӯгоҳии худрав аз ҷумла ACU, турбушорж ва кисаи ҳаво сохти мутахассисони саноати дифоъии Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯнамоӣ шуд.

Маҷиди Ҳидоят, мудири омили Созмони тавсеаи манобеъи энержии Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон рӯзи якшанбе дар ойини рӯнамоӣ аз дастовардҳои мутахассисони саноати дифоъии кишвар дар Теҳрон бо ишора ба зарфият ва тавонмандии болои Вазорати дифоъ дар ҳавзаи тавлиди анвоъи қитъаҳои печида ва ҳассосе, ки мавриди таҳрими кишварҳои бегона аст, гуфт: Имрӯз дар Вазорати дифоъи Эрон беш аз 38 ҳазор қитъа тавлид мешавад, ки ахиран дар намоишгоҳи наҳзати қитъасозӣ дар Теҳрон танҳо 2 ҳазор қитъа ба намоиш гузошта шуд.

Ҳидоят бо баён ин ки Вазорати дифоъи Эрон бо бумисозии анвоъи сомонаҳо, тавонманди худро дар ҳавзаҳои мухталиф нишон додааст, афзуд: Кишвар метавонад ҳамаи ниёзҳои худро аз тариқи зарфиятҳои мавҷуд дар саноати дифоъӣ таъмин кунад.

Мудири омили Созмони тавсеаи манобеъи энержии Вазорати дифоъи Эрон дар хусуси сохти турубушоржи худрав тавассути мутахассисони дохилӣ гуфт: Турубушорж системе кумакӣ аст, ки бо тазриқи ҳавои бештар ба маҳфазаи эҳтироқ, тавони хурӯҷӣ ва рондмони маторҳои дарунсӯзро афзоиш медиҳад.

Ҳидоят дар хусуси сохти ACU тавассути мутахассисони саноати дифоъии Эрон ҳам тасреҳ кард: ACU кампютери контроли ҳушманди эйрбаг ва ҳамон юнити контролӣ аст, ки фармонҳои марбут ба фаъол‎созии эйрбагро содир мекунад.

Мудири омили Созмони тавсеаи манобеъи энержии Вазорати дифоъи Эрон бо баёни ин ки саноати дифоъӣ дар таомули танготанг бо ширкатҳои худравсоз бахши асосӣ аз тааҳҳудоти худро таъмин ва таҳвил додааст, хотирнишон кард: Вазорати дифоъ омодаи таъмини ниёзмандии саноати мухталиф барои қатъи вобастагӣ аст.