Беҳбудии ҳудуди 334 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Sun, 06 Sep 2020 11:29:45 GMT )
Сентябр 06, 2020 16:29 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 334 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 334 ҳазор нафар эълом кард.

Симосодоти Лорӣ- сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ҳазору 992 бемори ҷадиди мубтало ба КОВИД- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 905 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот ироа шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯъи беморони КОВИД- 19 дар Эрон ба 386 ҳазору 658 нафар расидааст, афзуд: Мутаассифона дар 24 соати гузашта, 139 нафар аз беморони КОВИД- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 293 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 333 ҳазору 900 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод камаш 884 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 20 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп