Сентябр 07, 2020 12:46 Asia/Dushanbe
  • Зилзила дар шимоли Эрон бо 22 маҷруҳ

Зилзилае ба бузургии 5.1 дар миқёси амвоҷи дарунии замин -гегтар- дар шаҳристони Ромиёни вилояти Гулистон дар шимоли Эрон 22 масдум бар ҷой гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҳамидризо Чӯбдорӣ, фармондори шаҳристони Ромиёни Эрон дар бораи мизони хисорат ва талафоти бархоста аз заминларзаи 5.1 гегтарӣ, ки бомдоди имрӯз душанбе дар ин шаҳристон рӯй дод гуфт: Бар асари ин заминларза 22 нафар масдум шуданд, ки бештари афрод, ба сабаби тарс ва изтироби бархоста аз зилзила ва ҳангоми хориҷ шудан аз хона дучори масдумият шуданд.

Чӯбдорӣ  афзуд: Ин заминларза ҳамчунин ба 40 воҳиди маскунӣ дар панҷ русто хисорат ворид кард.

Шаҳристони Ромиён дар шарқи вилояти Гулистон дар шимоли Эрон воқеъ шудааст.