Сентябр 07, 2020 14:40 Asia/Dushanbe
  • Кадом масҷиди Эрон фирӯзаи ҷаҳони ислом аст?

Эрон масҷидҳои боазамати зиёде дорад, ки ҳар кадом аз онҳо шоҳкоре аз ҳунар ва меъморӣ ҳастанд ва яке аз онҳо ба фирӯзаи ҷаҳони ислом маъруф аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Масҷиди кабуд ё Масҷиди ҷаҳоншоҳ аз масҷидҳои таърихии Табриз марбут ба даврони ҳукмронии қароқуюнлуҳо дар қарни нуҳуми ҳиҷрӣ (15 мелодӣ) аст.

Масҷиди кабуд бар асоси катибае сар дари он дар соли 845 ҳиҷрии шамсӣ ва дар замони Султон ҷаҳоншоҳ муқтадиртарин ҳукмрони силсилаи қароқуюнлу ва ба фармони духтари вай Солиҳахонум бино шудааст.

Танаввӯъ ва зарофати кошикориҳо, гуногунии хиттаҳои ба коррафта дар он ва ба хусус ранги лоҷивардӣ (кабуди эронӣ) кошикориҳои муъаррақи он боис шуда, ки ба фирӯзаи ҷаҳони ислом овоза ёбад.

Сабки меъмории ин бино ба равиши озарӣ аст.

Ин бино дар заминларзаи соли 1193 ҳиҷрии қамарии Табриз ба шиддат осиб дид, аммо он чи аз ин бино боқӣ монда дар навъи худ беназир аст ва таваҷҷуҳи ағлаби сайёҳон ва бостоншиносонро дар тӯли таърих ба худ ҷалб кардааст.