Беҳбудии ҳудуди 336 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Mon, 07 Sep 2020 11:46:07 GMT )
Сентябр 07, 2020 16:46 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 336 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар ин кишварро ҳудуди 336 ҳазор нафар эълом кард.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи душанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 152 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид -19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 388 ҳазору 810 нафар расидааст, афзуд, дар шабонарӯзи гузашта 117 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 410 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 335 ҳазору 572 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 893 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва ҳудуди 20 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп