Интиқоди коргардони машҳури эронӣ аз таҳримҳои ғайриинсонии Амрико алайҳи Эрон
Маҷиди Маҷидӣ, коргардони филми эронии “Хуршед” дар Ҷашнвораи байналмилалии филми Венетсия гуфт, Амрико иҷозаи вуруди дору ба Эронро барои кӯдакон, ҳатто дар шароити густариши корона намедиҳад.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Маҷиди Маҷидӣ дар нишасти хабарии намоиши филми “Хуршед” дар Венетсияи Италия бо ишора ба таҳримҳои ғайриинсонии Амрико зидди Эрон афзуд, осеби таҳримҳои ғайриинсонии Амрико беш аз ҳар чиз мутаваҷҷеҳи кӯдакон ва хонаводаҳои камбархурдор аст.
Маҷидӣ дар идома бо баёни ин ки филми “Хуршед” дар бораи кӯдакони кор аст, гуфт, бозигарони ин филм бояд аз миёни кӯдакони кор интихоб мешуданд ва авомили филми “Хуршед” барои интихоби бозигар бо ҳазорон кӯдаки кор мувоҷеҳ буданд, ки истеъдодҳои зиёде байни онҳо дида мешуд.
Филми “Хуршед” достони кӯдакони кор аст, ки дунболи ганҷ мегарданд, аммо ғофил аз ин ки ин ганҷ худи онон ҳастанд.
Ҳафтодуҳафтумин Ҷашнвораи байналмилалии филми Венетсия аз дувуми сентябр бо тадобири шадиди беҳдоштӣ дар Италия оғоз ба кор кардааст.
Дар ин ҷашнвора 18 филм барои тасоҳуби ҷоизаи “Шери тилоӣ” бо ҳам рақобат мекунанд.
Ҷашнвораи байналмилалии филми Венетсия то 12 сентябр идома хоҳад дошт.
Маҷиди Маҷидӣ аввалин коргардони эронӣ аст, ки номзади дарёфти ҷоизаи Оскар шуд. Филми “Бачаҳои осмон” ҷузви панҷ номзади ниҳоии дарёфти беҳтарин филми хориҷизабони Оскар дар соли 1998 буд.
Филми “Муҳаммад Расулуллоҳ (с)” низ аз сохтаҳои Маҷиди Маҷидӣ аст.