Беҳбудии беш аз 339 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Wed, 09 Sep 2020 11:48:19 GMT )
Сентябр 09, 2020 16:48 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 339 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро беш аз 339 ҳазор нафар эълом кард.

Симо Содот Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид -19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 313 бемори ҷадиди Ковид -19 шиносоӣ шуд, ки ҳазору 229 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзашон ироа шуд.

Лорӣ гуфт, маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 393 ҳазору 425 нафар расидааст, ки то кунун 339 ҳазору 111 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Вай афзуд, мутаассифона дар 24 соати гузашта 127 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 22 ҳазору 669 нафар расидааст.

Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 27 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 902 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд ва ҳудуди 20 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.