Беҳбудии ҳудуди 341 ҳазор нафар аз беморони куруноӣ дар Эрон
(last modified Thu, 10 Sep 2020 11:23:22 GMT )
Сентябр 10, 2020 16:23 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 341 ҳазор нафар аз беморони куруноӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории куруно дар кишварро ҳудуди 341 ҳазор нафар эълом кард.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси куруно дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 63 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки ҳазору 41 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамоте ироа шуд.

Лорӣ бо баёни инки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 395 ҳазору 488 нафар расидааст, афзуд, мутаассифона дар 24 соати гузашта, 129 нафар аз беморони Ковид- 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъ ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 798 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон, токунун 340 ҳазору 842 аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси куруно дар ҷаҳон низ ба беш аз 28 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 908 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 20 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд.

 

Барчасп