Посухи Эрон ба баёнияи сахифи кумитаи худхондаи Иттиҳодияи Араб
(last modified Fri, 11 Sep 2020 11:56:45 GMT )
Сентябр 11, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
  • Посухи Эрон ба баёнияи сахифи кумитаи худхондаи Иттиҳодияи Араб

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб бо ибрози таассуф дар хусуси матолиби сахиф ва такрории баёнияи кумитаи худхондаи Иттиҳодияи Араб ба бархе кишварҳои минтақа тавсия кард; ба ҷойи судури баёнияҳои бемуҳтаво, бо манбаи аслии таҳдиди минтақа, яъне режими саҳюнистӣ муқобила кунанд.

Ба гузориши ИРНА, Саид Хатибзода ин гуна баёнияҳои малоловарро ҳаракат дар даври ботили Эронҳаросӣ ва машрӯиятбахшӣ ба режими номашрӯи саҳюнистӣ хонд ва афзуд: Иттиҳомҳои беасоси матраҳшуда, баромада аз дидгоҳи кишварҳое аст, ки хатои роҳбурдии барқарории равобит бо режими саҳюнистиро муртакиб шудаанд ва акнун даступоча мехоҳанд ба хаёли хоми худ таваҷҷуҳотро аз манбаи таҳдид мунҳариф кунанд.

Хатибзода боз кардани пойи режими ишғолгари Қудс ба минтақа, саркӯби тазоҳуроти мусолиматомези мардуми Баҳрайн, ҳимояти ҳамаҷониба аз террористҳо ва ҷинояткорони ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ва идомаи ҷанги золимона алайҳи миллати мазлуми Яман аз сӯи варшикастагони эътилофи саудиро аз ҷумлаи иқдомҳои таҳдидофарин ва танишзо дар минтақа баршумурд, ки ин кишварҳо даргири он ҳастанд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон дар бораи ҷазоири сегонаи эронии Абумусо, Танби бузург ва Танби кӯчак низ изҳор дошт: Иқдомҳои Эрон дар чорчӯби эъмоли ҳокимият ва тамомияти арзии кишвар буда ва табиист, ки мудохилаи дигарон дар ин замина маҳкум аст.

Хатибзода ҳамчунин бо бумӣ хондани тавони низомии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва таъкид бар ин ки ин қобилияти дифоӣ ҳеҷгоҳ таҳдиде барои кишварҳои ҳамҷавор набудааст, ба бархе кишварҳои минтақа тавсия кард, худро ба анбори таслиҳотии Амрико ва дигарон табдил накунанд ва ба ҷойи эътимод бар қудрати миллӣ, ба хариди амнияти воридотӣ рӯй наёваранд.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар поён гуфт, кишварҳое, ки чашми худро бар тавтеаҳои Амрико ва режими саҳюнистӣ бастаанд ва бо аён сохтани равобити худ бо режими саҳюнистӣ ба ормони озодии Қудси шариф хиёнат кардаанд, ҳақ надоранд ҳимояти шарофатмандонаи Эрон аз муқовимат дар Фаластин ва Лубнонро зери суол бибаранд.

Кумитаи чаҳорҷонибаи Арабистони Саудӣ, Иморот, Баҳрайн ва Миср рӯзи чаҳоршанбе дар ҳошияи нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи араб дар Қоҳира як нишасти зиддиэронӣ баргузор кард.

Ин кумитат зиддиэронӣ ҳам ҳамонандт нишастҳои қаблти худ Ҷумҳурии Исломии Эронро ба дахолат дар умури кишварҳои арабӣ муттаҳам кард.

Нишасти вузарои хориҷаи Иттиҳодияи Араб бо мавзӯи Фаластин ва созиши Иморот бо режими саҳюнистӣ баргузор шуд, аммо ба далели коршикании бархе вузаро, қатъномае дар маҳкумияти ҳар гуна созиши кишварҳои арабӣ бо режими ишғолгари саҳюнистӣ содир нашуд.