Беҳбудии ҳудуди 342 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Fri, 11 Sep 2020 11:58:01 GMT )
Сентябр 11, 2020 16:58 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии ҳудуди 342 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро ҳудуди 342 ҳазор нафар эълом кард.

Симосодоти Лорӣ - сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 313 бемори нави гирифтор ба КОВИД- 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки   1253 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамот расонда шуд.

 Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯъи беморони КОВИД-19 дар Эрон ба 397 ҳазору 801 нафар расидааст, афзуд: муттассифона дар 24 соати гузашта, 115 нафар аз ин беморон ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 22 ҳазору 913 нафар расидааст.

 Ба гуфтаи сухангӯи вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 342 ҳазору 539 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

 

Барчасп