Зариф хитоб ба Трамп: Ҷанг дар ҳар шакле бад аст
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон панҷшанбешаб дар Твиттер бо ишора ба дурӯии Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар интиқод аз ҷанг ва фурӯши ҳамзамони таслиҳот ба кишварҳои минтақаи Ғарби Осиё таъкид кард, ҷанг дар ҳар шакле бад аст.
Ба гузориши ИРНА, Муҳаммадҷаводи Зариф дар Твиттер навишт; “Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп ба ташнагии Иёлоти Муттаҳида барои ҷанг бо ҳадафи пур кардани ҷайбҳои ширкатҳои таслеҳотии Амрико эътироф дорад, худи ӯ сахт саргарми бозори гарм барои фурӯши таслиҳоти ҳамон ширкатҳо ба минтақаи Ғарби Осиёст”.
Зариф афзуд: “Трамп муътақид аст, ҷанги сард хуб аст, чун ба суди тиҷорат аст, дар ҳоле, ки ҷанги гарм чунин нест. Аммо ҷанг дар ҳар сурат бад аст”.
Раисҷумҳури Амрико ахиран дар як суханронӣ дар тавзеҳи таъриф ва тамҷидҳои худ аз артиши ин кишвар гуфта буд, ки ӯ сарбозонро дӯст дорад, на генералҳои артишро, зеро онҳо мудом дар ҳоли ҷангафрӯзӣ барои пур кардани ҷайби “компанияҳои фавқулодаҳо” ҳастанд, ки бомба ва дигар таслиҳот месозанд.
Коршиносони ҳуқуқи байналмилал ин эътирофро дархури таъқиби қазоӣ донистаанд.
Амрико ба унвони бузургтарин содиркунандаи силоҳ дар ҷаҳон нақши басазое дар густариши ноамнӣ ва ташкилу таҷҳизи гурӯҳҳои террористӣ дар минтақаи Ғарби Осиё дорад.
Силоҳҳои амрикоӣ бештар дар ҷангҳои минтақа, аз ҷумла дар Сурия, Яман ва Афғонистон сарфи куштани ғайринизомиён мешавад.