Оятуллоҳ Юсуфи Сониъӣ ба дидори ҳақ шитофт
Оятуллоҳ Юсуфи Сониъӣ аз мароҷеъи узоми тақлиди шиъаён имрӯз (шанбе) дар синни 83 солагӣ ба дидори ҳақ шитофт.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз пойгоҳи хабарии Эрон Пресс; оятуллоҳ Юсуфи Сониъӣ, ки ба далели печхурдагии по, дучори шикастагии устухони лаган ва ҳамчунин мучи даст шуда буд, аз шомгоҳи панҷшанбе дар бемористоне дар Қум ҷануби Теҳрон бистарӣ буд.
Оятуллоҳ Сониъӣ дар соли 1937 дар Некободи Исфаҳон ба дунё омад ва соли 1946 вориди ҳавзаи илмияи Исфаҳон шуд ва пас аз гузарондани дарсҳои муқаддамот дар соли 1951 барои идомаи таҳсил ба ҳавзаи илмияи Қум рафт.
Оятуллоҳ Сониъӣ аз ҷаласаи дарси имом Хумайнӣ (раҳ), оятуллоҳ Буруҷирдӣ, оятуллоҳ Арокӣ, оятуллоҳ Муҳаққиқи домод касби файз кард.
Ин марҷаъи тақлид аз аъзои пешини Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ ва Шурои нигаҳбони қонуни асосии Эрон ва ҳамчунин додситони пешини кулли кишвар буд.