Оғози расмии соли таҳсилии донишгоҳҳо дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57406-Оғози_расмии_соли_таҳсилии_донишгоҳҳо_дар_Эрон
Маросими расмии бозгушоии донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши олӣ дар Эрон имрӯз (якшанбе) бо ҳузури маҷозии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Донишгоҳи Теҳрон оғоз шуд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 13, 2020 12:54 Asia/Dushanbe

Маросими расмии бозгушоии донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши олӣ дар Эрон имрӯз (якшанбе) бо ҳузури маҷозии раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Донишгоҳи Теҳрон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, дар маросими оғози соли таҳсилии донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши олии Эрон, вазирони улум, таҳқиқот ва фанноварӣ ва беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ, раисони донишгоҳҳо ва марокизи омӯзиши олии Эрон ва низ ҷамъе аз намояндагони донишҷӯӣ бо риояти шеваномаҳои беҳдоштӣ ҳузур ёфтанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сурати иртиботи тасвирӣ дар ин маросим ширкат ва суханронӣ мекунад.

Дарсҳои беш аз се миллиону 700 ҳазор донишҷӯи донишгоҳҳои Эрон бо таваҷҷуҳ ба тасвиби Ситоди миллии мудирияти куруно дар ин кишвар ба сурати таркибӣ (ҳузурӣ ва маҷозӣ) баргузор мешавад.