Беҳбудии беш аз 348 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Mon, 14 Sep 2020 11:26:36 GMT )
Сентябр 14, 2020 16:26 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 348 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Теъдоди беҳбудёфтагони бемории корона дар Эрон ба беш аз 348 ҳазор нафар расид.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон; дар 24 соати гузашта, ду ҳазору 619 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки 382 нафари онон бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарпоӣ хадамот ироа шуд.

Бар ин асос маҷмӯи беморони Ковид -19 дар Эрон ба 404 ҳазору 648 нафар афзоиш ёфтааст.

Дар шабонарӯзи гузашта, 156 нафар аз беморони Ковид -19 дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 23 ҳазору 313 нафар расидааст.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, токунун 348 ҳазору 13 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Барчасп