Осиё дар интизори тӯфони сурху зард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57469-Осиё_дар_интизори_тӯфони_сурху_зард
Футболистҳои сурхпӯши Персполис ва зардпӯши Сипоҳони Эрон имшаб муқобили ҳарифони арабистонии худ ба майдон мераванд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 15, 2020 10:26 Asia/Dushanbe
  • Осиё дар интизори тӯфони сурху зард

Футболистҳои сурхпӯши Персполис ва зардпӯши Сипоҳони Эрон имшаб муқобили ҳарифони арабистонии худ ба майдон мераванд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, дар идомаи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии лиги қаҳрамонони Осиё, имшаб аз соати 22 ва 30 дақиқа ба вақти Теҳрон ва 23 ба вақти Душанбе, тимҳои Персполис ва Сипоҳони Эрон ба тартиб муқобили Алтаовун ва Алнасри Арабистон қарор мегиранд.

Рақобатҳои лиги қаҳрамонони Осиё пас аз вақфае тӯлонӣ аз дирӯз (душанбе) дар Доҳа пойтахти Қатар аз сар гирифта шудааст.