Таҳримҳои Амрико зидди Эрон ба тамошои футбол ҳам расид!
Тасмими ғайри мантиқии Конфедератсияи футболи Осиё дар лағви муҷаввизи пахши бозиҳои тимҳои футболи Эрон дар лиги қаҳрамонони Осиё бо вокуниши тимҳои эронии ширкаткунанда дар ин рақобатҳо рӯ ба рӯ шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Конфедератсияи футболи Осиё дар остонаи азсаргирии муҷаддади рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии лиги қаҳрамонони ин қора дар иқдоме сиёсӣ эълом карда буд, ки ба далели таҳримҳои Амрико маҷбӯр шудааст имтиёзи Эронро барои дарёфти сигналҳои пахши зиндаи телевизионии ин рақобатҳо лағв кунад.
Бошгоҳҳои футболи Истиқлол, Персполис, Сипоҳон ва Шаҳрихудру, ки ба унвони намояндагони футболи Эрон дар рақобатҳои лиги қаҳрамонони Осиё ҳузур доранд дар номаҳое ҷудогона ба Конфедератсияи футболи Осиё нисбат ба лағви яктарафаи қарордоди ҳуқуқи пахши телевизионӣ расман эътироз карданд.
Дар матни ин номаҳо омадааст: Бо таваҷҷуҳ ба пойбанд будани бошгоҳҳои эронӣ ба қавонин ва муқаррароти эъломӣ аз сӯи Конфедератсияи футболи Осиё, умедворем AFC ҳам ба ҳаводорони миллионии тимҳои эронӣ эҳтиром гузошта ва онҳоро аз дидани ин бозиҳо аз телевизиони Ҷумҳурии Исломии Эрон маҳрум накунад.
Федератсияи футболи Эрон ҳам пеш аз ин бо ирсоли номае ба Конфедератсияи футболи Осиё ба лағви ҳаққи пахши телевизионии рақобатҳои лиги қаҳрамонони Осиё эътироз кард ва хоҳони баргардондани ин имтиёз шуд.
Рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии лиги қаҳрамонони Осиё, ки ба далели шуйюи корона мутаваққиф шуда буд аз асри дирӯз душанбе аз сар гирифта шудааст.