Пушти пардаи фазосозиҳои расонаӣ ва сиёсӣ бар зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57479-Пушти_пардаи_фазосозиҳои_расонаӣ_ва_сиёсӣ_бар_зидди_Эрон
Сенарияи "эронҳаросӣ" то кунун бо сужаҳое ҳамчун иддиои мудохилаи Эрон дар кишварҳои минтақа, таҳдидсозӣ аз қудрати низомӣ ва мушакӣ, иддиои ҳимоят аз терроризм, нақзи ҳуқуқти  башар ва илқои нигаронӣ дар заминаи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон думбол шудааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 15, 2020 14:20 Asia/Dushanbe
  • Пушти пардаи фазосозиҳои расонаӣ ва сиёсӣ бар зидди Эрон

Сенарияи "эронҳаросӣ" то кунун бо сужаҳое ҳамчун иддиои мудохилаи Эрон дар кишварҳои минтақа, таҳдидсозӣ аз қудрати низомӣ ва мушакӣ, иддиои ҳимоят аз терроризм, нақзи ҳуқуқти  башар ва илқои нигаронӣ дар заминаи фаъолиятҳои сулҳомези ҳастаии Эрон думбол шудааст.

Дар ин мақтаъ низ шоҳиди такрори як сенарияи ҷадиди расонаӣ аз навъи иттиҳомсозиҳои беасос бар зидди Эрон ҳастем, ки дар гузориши сохтагии нашрияи "Politico", матраҳ шудааст.

Ин нашрия дар шумораи ҷадиди худ ба нақл аз манобеии итилоотии Амрико ва мақомоти наздик ба давлати ин кишвар муддаӣ шуда, ки Эрон дар садади террори сафири Амрико дар Африқои Ҷанубӣ аст.

Ин сенарияҳо ғолибан маҳсули утоқҳои фикри амрикоӣ – саҳюнистӣ аст

11-уми октиябри 2011 низ як мақоми баландпояи Амрико бидуни санад ва мадрак иддио карда буд, ки Эрон бо истифода аз авомиле дар садади террори сафири Арабистон дар Амрико буд, иддиое, ки бо эътирози шадид мувоҷеҳ шуд ва Эрон тайи номае ба Созмони Милал хостори пайгирии мавзӯ аз тариқи мароҷеи байналмилалӣ шуд.

Акнун ҳам ба навъи дигар шоҳиди муттаҳам кардани Эрон зери пӯстаи гузориши як расонаи Амрико дар қолаби иддиои тарроҳии Эрон барои як иқдоми террористӣ ҳастем.

Ин иддио дар ҳоле матраҳ мешавад ,ки мустанадот нишон медиҳанд бисёре аз гурӯҳҳои террористӣ, сохта ва пардохтаи Амрико ҳастанд.

Ба изъони мақомҳои Амрико, Алқоъида ва бисёре дигар аз гаруҳҳои террористӣ тавассути созмонҳои иттилоотии Амрико ва Исроил бавуҷуд омаданд то барои пешбурди аҳдофи мудохилаҷуёнаи онҳо ба кор гирифта шаванд.

Саиди Хатибзода, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи душанбе дар вокуниш ба ин иддио тасреҳ кард, ин Амрико ва режими феълӣ дар Кохи Сафед аст, ки хусусан дар солҳои ахир бо иқдомоти бешумори хориҷ аз равишҳои пазируфта шудаи байналмилалӣ, аз ҷумла тарроҳӣ ва иҷрои даҳҳо нақшаи террор ва мудохилоти низомӣ ва иттилоотӣ, хурӯҷ аз тавофуқоти пуршумори байналмилалӣ, нақзи тамомияти арзии кишварҳо ва террори ноҷавонмардонаи сардор Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи сарафрози мубориза бо терроризм, беэътиноии худ ба усули аввалияи дипломаикро ба намоиш гузошта ва ба режими саркаш дар арсаи байналмилал бадал шудааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамон гуна, ки борҳо эълом кардааст, пайгирии ҳуқуқи байналмилалӣ дар иртибот бо террори муҷримона ва буздилонаи сардор Сулаймониро дар тамоми сутӯҳ идома хоҳад дод ва ин иқдоми террористиро на мебахшад ва на фаромӯш мекунад.

Гузориши ғаразнок ва ҳадафманди мунташир шуда дар ин расонаи амрикоӣ аз ҷанбаи дигаре низ қобили тааммул аст. Нигоҳе ба гузашта нишон медиҳад, ки Вашингтон ва бархе аз пойтахтҳои аврупоӣ, ки дасти дароз дар саҳнасозӣ ва эҷоди ҷавҳои равонӣ дар дунё доранд, дар мақотеи ҳассоси сиёсӣ аз расонаҳо барои эҷоди буҳронҳои сохтагӣ ва дастёби ба аҳдофи сиёсӣ баҳра мегиранд.

Дар ин бурҳа низ бо таваҷҷӯҳ ба таҳаввулоти минтақа ва мухолифатҳои фазоянда бо якҷонибагароии Амрико ва ҳамчунин авзои ошуфта ва саркӯбҳои хунини эътирозоти мардумӣ дар Амрико дар фазои рақобатҳои интихоботи ин кишвар, ҷараёнсозии расонаӣ барои тағийри фазои сиёсӣ дур аз интизор нест.

Бавижа он ки собиқаи рақобатҳои интихоботӣ дар Амрико нишон медиҳад, ки аз ин навъ фазосозиҳо ба унвони абзор дар рақобатҳои интихоботӣ ва таъсиргузорӣ бар афкори умумӣ аз сӯи ҳизби ҳоким истифода мешавад.

Ҳамон гуна, ки сухангӯи дастгоҳи дипломосӣ дар ҳисоби корбарии худ дар “Твиттер” ёдовар шуд: “ҷангафрӯзони амрикоӣ дар давлати Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури пешини Амрико аз рӯзноманигорони зудбовар истифода карданд то ҷанги 7 триллиондоллариии Ироқро ба мардум бифурӯшанд ва ҳоло ҳам дубора дар ҳоли такрори ҳамон кор ҳастанд ва аз “Политико” барои нашри дурӯғҳояшон истифода мекунанд.

Расонаҳои Амрико бояд ҳушёр бошанд, ки аз сӯи сиёсатмадорон ба кор гирифта нашаванд.