Сентябр 15, 2020 17:07 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии шоирони форсизабон ба муносибати рӯзи

Бо риояти ҳама дастурҳои беҳдоштӣ, нишасти "ҳамзабонони ҳамдил" бо шеърхонии ҷамъе аз шоирони форсизабони эронӣ ва ғайриэронӣ баргузор мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз торнамои  шабакаи iFilm2 , дар остонаи 27 шаҳривар , 17 сентябр  рӯзи шеъру адаби форсӣ , рӯзи сешанбе 16 сентябр соати 17 ба вақти Теҳрон ва 17:30 ба вақти Душанбе , шоирони форсизабони эронӣ , афғонистонӣ , тоҷикистонӣ , ҳиндӣ ва покистонӣ дар сарои  аҳли қалами муассисаи хонаи китобу адабиёти Эрон дар Теҳрон  гирди ҳам меоянду шеър мехонанд .
Дар ин барнома , шоирони форсизабон  ҳамчун Муҳаммадсурур Риҷоӣ, Сарвари Мавлоӣ аз Афғонистон , Сайид  Амиралии Ҷаъфарӣ , Муҳамади Иброҳими Нурӣ , Қории Афзали Имонӣ , Зайнул-Обидини Хуӣ, Аббоси  Соқиб ва Аҳмади Шаҳриёр аз Покистон , Саидобидризо Навшод, Сайидшафеъ Ҳайдари Разавӣ , Саидсоҷиди Разавӣ ва Саидзайғам Аббоси Нақавӣ аз Ҳинд ва Шоҳмансури Шоҳмирзо аз Тоҷикистон  шеърхонӣ хоҳанд кард .  
 Маҳмадалии Баҳманӣ , Алии Довудӣ , Ризои Исмоилӣ , Саидакбар Мирҷаъфарӣ , Алии Муҳамади Муаддаб , Исмоили Аминӣ ва Ғуломризои Тариқӣ низ аз ҷумлаи шоирони форсизабони эронӣ ҳастанд, ки дар ин барнома шеър мехонанд .
Ҳамчунон  паёми набераи Иқбол Лоҳуриро Аҳмади Шаҳриёр аз Покистон дар ин барнома хоҳад хонд .
Дӯстдорони шеъру адаби форсӣ метавонанд ин барномаро ба сурати зинда аз тариқи инстограмми муассисаи хонаи китобу адабиёти Эрон ба нишонии @khaneyeketabу хабаргузории китоби Эрон ( Ибно ) ба нишонии @book . ibna дунбол кунанд .