Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ оддисозии равобит бо Исроилро маҳкум кард
(last modified Wed, 16 Sep 2020 15:34:44 GMT )
Сентябр 16, 2020 20:34 Asia/Dushanbe
  • Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ оддисозии равобит бо Исроилро маҳкум кард

Пас аз имзои созишномаи нангини созиш байни Баҳрайн ва АМА бо режими саҳюнистӣ, беш аз 50 мансабдор, олимон, мутафаккирон, устодони донишгоҳҳо ва зиёиёни ҷаҳони ислом дар як конфронсе, ки дар маркази Теҳрон баргузор шуд, ин ҳодисаи хиёнаткориро маҳкум карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон; дар ин нишаст  дабири кулли Маҷмаи ҷаҳонии бедории исломӣ низ дар суханоне гуфт : душманони муқовимати исломӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар даҳаҳои ахир  сенарияҳои мухталифе барои ҳифзи манофеи истикборӣ ва истисмории хеш  тарроҳӣ ва иҷро кардаанд. 

Алиакбари Вилоятӣ бо таъкид бар ин ки Фаластин , калидитарин ва меҳваритарин масаълаи ҷаҳони ислом аст афзуд : тарҳи муомилаи қарн , ниқоби нифоқро аз чеҳраи истикбории созишгарон ва созишталабон канор зад .
Вилоятӣ тасреҳ кард : пас аз шикасти аъроб дар ҷанги 6 рӯза аз Исроили ғосиб , даҳҳо музокира ва нишасти созиши байни аъробу режими саҳюнистӣ бо бозигардонии Амрико рӯй додааст ва ҳамаи ин музокирот на танҳо дастоварде барои мардуми мазлуми Фаластин надошта, балки натиҷаи акс доштааст .
Сездаҳумин  маҷмаи шӯроии олии Маҷмаи бедории исломӣ дар поён дар баёнияе зимни маҳкум кардани тарҳи муомилаи қарн аз тамоми  мардум , гурӯҳҳо , аҳзоб ва давлатҳои исломӣ, озодихоҳону адолат­ҷўйн дархост кард бо ҳимоятҳои ҳамаҷониба аз ормони Фаластин то таҳаққуқи пирӯзии комил бар режими ғосиб , золиму кӯдаккуши саҳюнистӣ ба кӯмаки мардуми мазлуми фаластинӣ биштобанд .