Ғарибободӣ: Эрон шаффофтарин барномаи сулҳомези ҳастаӣ дар байни аъзои Ожонс дорад
(last modified Thu, 17 Sep 2020 11:53:39 GMT )
Сентябр 17, 2020 16:53 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Эрон шаффофтарин барномаи сулҳомези  ҳастаӣ дар байни аъзои Ожонс дорад

Сафир ва намояндаи доимии Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена бо баёни ин, ки 22 дар сад аз бозрасиҳои ожонс дар сатҳи ҷаҳонӣ дар Эрон анҷом шудааст, гуфт: Эрон шаффофтарин барномаи сулҳомези ҳастаиро дар миёни кишварҳои узви Ожонс дорад.

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалии мустақар дар Вена Козим Ғарибободӣ  рӯзи панҷшанбе  тайи суханоне дар нишасти фаслии шӯрои  ҳукком бо ташреҳи мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хусуси гузориши кафолатии мудири кулли Ожонси байналмилалии энержии атомӣ афзуд: Эрон ба таври довталабона  дархости ожонс барои расидагӣ ба мавзӯоти эҳтимолии  кафолатиро пазируфт .
Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ бо ишора ба ин ки сатҳи густардаи кунунии ҳамкории байни Эрон ва ожонс ба соддагӣ ба даст наомадаасту набояд иҷоза дод барои манофеи сиёсии кутаҳбеинонаи теъдоде андак тазъиф шавад , таъкид  кард: барои ҳифзи тамомияти ожонс , аъзои он бояд аз ҳар гуна  аъмоли фишор ба ожонс , ба таври ҷиддӣ парҳез кунанд .  
Ғарибободӣ бо таъкид бар ин ки Эрон ба таври довталабона дар мақтае аз солҳои гузашта ва акнун протоколи илҳоқиро иҷро кардааст , тасреҳ кард : мавзӯоти таҳти расидагӣ , аз ҷанбаи дархости дастрасӣ , бо протоколи илҳоқӣ муртабит ҳастанду протоколи илҳоқӣ ба хотири Барҷом ва ба таври довталабона ва муваққат аз сӯи  Ҷумҳӯрии Исломии Эрон иҷро мешавад .  
Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмилалӣ бо ишора ба инфиҷори ахир дар сайти Натанз ва ин ки ин як харобкорӣ дар санъати ҳастаии Эрон аз сӯи  душманони Эрон будааст, гуфт:  Эрон  ҳаққи худ медонад то зимни ҳифозат аз таъсисоти ҳастаии худ , ба ҳар шевае, ки салоҳ медонад , вокуниши лозимро низ ба ин таҳдидот нишон диҳад .
Ғарибободӣ бо ишора ба иддаоҳои амрикоиҳо дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон , гуфт : Амрико ва режими саҳюнистӣ барои солиёни мутамодӣ бо ҳадафи инҳирофи ҷомеаи байналмилалӣ ва ожонс , аз эҳтимоли бомбаи ҳастаӣ ва фаъолиятҳое ба истилоҳи пинҳонии Эрон сӯҳбат мекунанд , дар ҳоле ки на танҳо токунун азин бомбаи хаёлӣ хабаре набудааст , балки Эрон кишваре аст, ки бештарини шафофиятро дар таъомулоти худ бо ожонс бо пазириши як панҷуми кулли бозрасиҳои он дорад .
Вай ҳамчунин бо ишора ба рафтори мутаноқизи кишварҳои узви ожонс  нисбат ба таслеҳоти ҳастаии режими Исроил , изҳор дошт : режими саҳюнистӣ ҳамчунони бузургтарин нигаронии амниятӣ дар минтақа аст ва ин режим  дороии анвои силоҳҳои куштори ҷамъӣ аст, ки ба дархостҳои мукаррари ҷомеаи байналмилалӣ ва ожонси байналмилалии энержии атомӣ барои пазириши кафолатҳо ва бозрасони ожонс  ҷавоби рад додааст, ва мукарраран ҳамсоягони худро таҳдид ва ба онҳо ҳамла мекунад .