Беҳбудии беш аз 355 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон
(last modified Fri, 18 Sep 2020 10:50:16 GMT )
Сентябр 18, 2020 15:50 Asia/Dushanbe
  • Беҳбудии беш аз 355 ҳазор нафар аз беморони коронаӣ дар Эрон

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон, шумори беҳбудёфтагони бемории корона дар кишварро беш аз 355 ҳазор нафар эълом кард.

 Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон, Симосодоти Лорӣ-сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори беморони КОВИД19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт: Бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта 3049 бемори ҷадиди КОВИД19 дар Эрон шиносоӣ шуд.

 Вай афзуд: Маҷмӯъи беморони КОВИД19 дар Эрон ба 416 198 нафар расидааст, ки аз ин теъдод то кунун 355 505 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лорӣ гуфт: Муттаасифона дар 24 соати гузашта 144 нафар аз беморони КОВИД19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯъи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 23 952 нафар расидааст.

Шумори афроди гирифтор ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 30 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод 951 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва беш аз 22 миллион нафар беҳбуд ёфтаанд.