Ҳушдори Эрон дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии пинҳонии Арабистон
(last modified Fri, 18 Sep 2020 14:50:15 GMT )
Сентябр 18, 2020 19:50 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Эрон дар бораи фаъолиятҳои ҳастаии пинҳонии Арабистон

Намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналамиллалӣ мустақар дар Вена, аз Ожонси байналамиллалии энержии атомӣ хост, то итминон ҳосил кунанд, ки Риёз ба уҳдадориҳои худ дар мувофиқатномаи ҷомеъи подмон (бозрасӣ) пойбанд аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, Козими Ғарибободӣ шомгоҳи панҷшанбе дар нишасти фаслии Шӯрои мудирони Ожонси байналмиллалии энержии атомӣ гуфт: Кашфи сохти таъсисоти ҳастаӣ бидуни иттилоъи ожонс дар Арабистон боиси нигаронии ҷиддӣ аст.

 Вай аз иҷро нашудани комили мувофиқатномаи ҷомеъи подмон аз ҷониби Арабистони саудӣ ва сукути бархе кишварҳои муддаӣ, ибрози нигаронӣ кард ва ҳушдор дод, ки таърих дар ҳоли такрор шудан аст.

Ғарибободӣ гуфт: Арабистон ҳамон роҳи режеми саҳюнистиро меравад ва вонамуд мекунад ба ҳеҷ тааҳҳуде мулзам нест, чаро, ки узви NPT нест.

 Вай таъкид кард: Ожонси байналамиллалии энержии атомӣ ва шӯрои мудирон бояд барои саудиҳо равшан кунанд, ки пазириш ва пойбандӣ ба тааҳҳудот зарурӣ буда ва дар натиҷа, шаффофият ва посухгӯӣ, пешшарти барномаи ҳастаӣ аст.

Сафир ва намояндаи доими Эрон назди созмонҳои байналмиллалии мустақар дар Вена таъкид кард:Ожонс бояд аз Риёз бихоҳад фавран мувофиқатномаи ҷомеъи подмонро ба таври комил иҷро кунад.