Тағйири соати расмӣ дар Эрон
Сентябр 19, 2020 10:11 Asia/Dushanbe
Соати расмии Эрон аз соати 24-и 30-уми шаҳривар (20 сентябр якшанбешаб), як соат ба ақиб кашида мешавад.
Бар асоси қонуни тағйири соати расмии Эрон мусавваби Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, соати расмии Эрон дар соати 24 аввали фарвардинмоҳи ҳар соли шамсӣ, як соат ба ҷилав кашида ва дар 30-уми шаҳриур (20 сентябр) ба ҳолати собиқ баргардонда мешавад.
Албатта соати дарёфти барномаҳои радиои тоҷикии Садои Хуросон барои мухотабони тоҷик тағйире нахоҳад кард.