Сентябр 19, 2020 16:32 Asia/Dushanbe
  • Шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон аз 24 ҳазор нафар гузашт

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи шанбе теъдоди ҷонбохтагони бемории Ковиди -19 дар ин кишвар аз 24 ҳазор нафар гузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон , Симо  Содоти Лорӣ рӯзи шанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ дар 24 соати гузашта  ду ҳазору 845 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд .
Вай афзуд : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 419 ҳазору 43 нафар расидааст, ки аз ин теъдод токунун 357 ҳазору 632 нафар беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Лорӣ гуфт : Муттаассифона дар 24 соати гузашта  166 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 118 нафари растд .
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 30 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  956 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва беш аз 22 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .

Барчасп