Ҷон бохтани 177 нафари дигар дар Эрон бар асари Ковид -19
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 177 нафари дигар дар 24 соати гузашта дар ин кишвар бар асари корона хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Симо Содот Лорӣ рӯзи душанбе дар бораи охирин омори беморони Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта се ҳазору 341 бемори ҷадиди Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод як ҳазору 494 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшон ироа шуд .
Лорӣ гуфт маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 425 ҳазору 481 нафар расидааст, ки токунун 361 ҳазору 523 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта 177 нафар аз беморони Ковид - 19 низ ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 478 нафар расид .
Теъдоди афроди гирифтори Ковид - 19 дар ҷаҳон низ ба беш аз 31 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдоди дасти кам 965 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода ва ҳудуди 23 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд .