Атбои хориҷии Хуросони Разавӣ метавонанд ба зиёрати атаботи олиёт бираванд
Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Хуросони Разавӣ гуфт: Имкони сафари атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии сокини ин устон ба зиёрати атаботи олиёт дар айёми арбаини Ҳусайнӣ фароҳам шудааст.
Муҳаммади Аҷамӣ дар гуфтугӯ бо хабарнигори Ирно афзуд: Ин иқдом дар паи ҳамоҳангии Идораи кулли атбои Вазорати кишвар, нерӯи интизомӣ, сафоратхонаҳои Ироқ ва Эрон ва дастгоҳҳои масъул дар эъзоми атаботи олиёт ҳосил шудааст .
Мудири кулли умури атбоъ ва муҳоҷирони хориҷии Хуросони Разавӣ гуфт: Бар ин асос атбои дорои корти омоиши марҳалаи 11 ва ё гузарномаи тарҳи хонаворӣ аз нуҳуми сентябр метавонанд барои иқдом ба дафотири кафолате, ки корти омоиши худро дарёфт кардаанд, муроҷиа ва гузарномаи муваққат дарёфт кунанд .
Аҷамӣ афзуд: Корти омоиш пас аз баргашт ба Эрон ба ин афрод бозгардонда мешавад .
Вай муддати эътибори раводидеро, ки дар сафорати Ироқ содир мешавад, байни 15 рӯз то як моҳ эълом ва таъкид кард: Ҳазинаи судури виза мутобиқи тарифест, ки барои эрониён пешбинӣ шуда ва ҳазинаи эъзом низ мутобиқ бо тарифаи корвонҳост .
Аҷамӣ афзуд: Дар ин замина пардохти ваҷҳ ба ашхос ва дастгоҳҳои марбута ба ҳеч ваҷҳ қонунӣ нест ва ин иқдом фақат аз тариқи муроҷиа ба дафотири кафолат анҷом хоҳад гирифт .