Сентябр 22, 2020 18:15 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намоишгоҳи муштараки тахассусии Эрон ва Афғонистон дар Кобул

Намоишгоҳи муштараки тахассусии Эрон ва Афғонистон дар бахшҳои хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ ва хадамоти шаҳрӣ бо ҳузури масъулони баландпояи ду кишвар дар Кобул ифтитоҳ ёфт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз ИРНА , ин намоишгоҳ дар бахшҳои хадамоти фаннӣ - муҳандисӣ ва хадамоти шаҳрии шомили энержӣ , барқу мухобирот аз рӯзи сешанбе дар Кобул  оғоз ба кор кард .
Баҳодури Аминиён  сафири Эрон дар Афғонистон дар маросими гушоиши ин намоишгоҳи ҳадаф аз баргузории онро тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷорӣ бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ва интиқоли дониши фаннӣ ба ин кишвар унвон кард .
Вай гуфт : Эрон аз марҳалаи содироти коло ба кишварҳои ҳамсоя  гузашта ва акнун вориди марҳалаи интиқоли хадамоти фаннӣ – муҳандисӣ ва фанноварӣ ба онҳо шудааст .
 Муҳамади Юнуси Муманд  муовини утоқи тиҷорати Афғонистон  ҳам дар маросими ифтитоҳияи намоишгоҳи муштарак дар кобул гуфт : дар ин намоишгоҳи хадамоти фаннӣ - муҳандисии мухобиротӣ ва саноеъи вобаста ба хадамоти шаҳрӣ , ҳамлу нақл , роҳнамоӣ ва ронандагию мошинолот ба маърази диди алоқамандон гузошта шудааст .
Намояндагони 21 ширкати Эронӣ дар бахши хадамоти шаҳрӣ ва 54 ширкати эронӣ дигар дар бахши хадамоти фаннӣ ва муҳандиси  шомили барқ , энержӣ ва мухобирот дар ин намоишгоҳ ҳузур доранд .
Ин намоишгоҳ ба муддати се рӯз доир аст .
Тибқи гузоришҳо арзиши тиҷорати солонаи миёни Афғонистону Эрон ба беш аз якуним  миллиард доллар  расида ва Эрон  соли гузашта ба унвони бузургтарин шарики тиҷоратии Афғонистон бештарин содиротро ба ин кишвари ҳамсоя доштааст .

Барчасп