Сентябр 22, 2020 20:39 Asia/Dushanbe
  • Ифшои асноди ҳамкории хонаводаи Муҳаммадризо Паҳлавӣ бо Саддом алайҳи Эрон

Шабакаи Ал-Иттиҷоҳи Ироқ дар хабари ихтисосӣ эълом кард бар асоси асноди амниятии ин кишвар, хонаводаи шоҳи собиқи Эрон ба диктатори Ироқ дар ҷанги алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ кӯмак мекарданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пойгоҳи интернетии шабакаи телевизиюнии Ал-Иттиҷоҳи Ироқ навишт: асноди дастгоҳи иттилооти режими собиқ аз ҳамкории хонаводаи Муҳаммадризо Паҳлавӣ шоҳи собиқи Эрон ва дастёрони ӯ дар кӯмак ба режими Саддом барои оғози ҷанг  алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳикоят дорад .
Тибқи ин аснод, хонаводаи Муҳамадризо Паҳлавӣ пас аз фирор аз Эрон, бо кӯмаки бархе наздикони Темур Бахтиёрӣ нахустин Раиси Созмони Иттилоот ва Амнияти Эрон (Савок) ва Шопур Бахтиёрӣ нахуствазири режими паҳлавӣ ба Саддом кӯмак карданд, то дар ҷанг ба бархе аҳдофи худ бирасад .
Ин аснод нишон медиҳад бархе таҷҳизоти низомӣ ҳамчун ҷангандаҳои амрикоӣ ва фаронсавӣ, ки Эрон дар замони Муҳаммадризо Паҳлавӣ харида буд, бо мувофиқати Фараҳ Паҳлавӣ ҳамсари шоҳ ба режими Ироқ таҳвил дода шуд, то аз он барои ҳадаф қарор додан шаҳрҳои Эрон истифода кунад.
Темур Бахтиёрӣ нахустин раиси Савок дар режими Паҳлавӣ пас аз он, ки бо шоҳи Эрон  дучор ихтилоф шуд ба Ироқ рафт .
Тибқи гузоришҳои амниятии Ироқ, пас аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон  бархе наздикони Темур Бахтиёрӣ воситаи хонаводаи Паҳлавӣ барои кӯмак ба Саддом дар ҷанг бо Эрон буданд .
Артиши мутаҷовизи режими Саддом  диктатори ироқӣ 31 шаҳривармоҳи соли 1359 баробар бо 22 сентябри 1980 бо ин тасаввур, ки дар муддати як ҳафта Теҳронро фатҳ хоҳад кард, ҷанги густардаеро алайҳи Эрон оғоз кард, ки ҳашт сол ба тул  анҷомид .