Сентябр 23, 2020 11:08 Asia/Dushanbe
  • Баёни моҳияти воқеии Амрико: меҳвари суханони Руҳонӣ дар нишасти солиёнаи СММ

Нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки имсол дар шароити вижае ношӣ аз шуюи ҷаҳонии бемории Ковид-19 ба сурати видеоконфронс баргузор мешавад, фурсате барои баёни нигарониҳои ҷаҳонӣ аст.

Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрони сешанбешаб (ба вақти Теҳрон) дар суханоне, ки ба сурати видеоконфронс дар 75-умин нишасти солиёнаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид пахш шуд, бо ташреҳи дидгоҳҳо ва мавозеи Эрон дар қиболи масоили ҷаҳонӣ ба баёни воқеъиятҳое перомуни моҳияти Амрико ва паёмадҳои якҷонибагароӣ пардохт.

Суханони дирӯзи раисиҷумҳур дар ин бора бар ду мавзӯи муҳим таъкид дорад:

Мавзӯи нахуст: Таъкид бар ин нукта аст, ки миллати Эрони ҳаргиз таслими зӯргӯии Амрико нахоҳад шуд ва инро дар амал собит кардааст. Миллати Эрон бо таърихе чандҳазорсола ҳаргиз иҷоза  намедиҳанд, ки як давлати зӯргӯ бо ӯ ҳар гӯна, ки мехоҳад рафтор кунад.

Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бо баёни инки “Амрико наметавонад музокираро бар мо таҳмил кунад ва на ҷангро", таъкид кард, имрӯз замони на гуфтани ҷаҳониён ба зӯргӯӣ аст.

Мавзӯи дуввум, баёни дугонагиҳо ва тазодҳое аст, ки Амрикоро ба мавҷӯде хатарнок ва таҳдидкунандаи амнияти ҷаҳонӣ табдил кардааст.

Бахше аз ин дугонагиҳо дар арсаи ҳуқуқи башар аст. Дар заминаи ҳуқуқи башар дугонгиҳои зиёде дар нигоҳи Ғарб вуҷӯд дорад. ончӣ ки имрӯз дар ҷомеаи Амрико мушоҳида мешавад, намӯнаи равшане дар ин замина аст. Мардуми Амрико аз нажодпарастӣ, фасод, беадолатӣ ва бе кифоятии сарони кишварашон хастаанд ва имрӯз ҷаҳон садои эътирози онҳоро мешунавад.

Дар мавзӯи дониши ҳастаӣ низ ки ҳосили солҳо талоши донишмандони Эрон барои истифодаи сулҳомез аз дониши ҳастаӣ аст, шоҳиди таҳримҳо ва мухолифатҳои ғайри мутаорафи Амрико ҳастем. Ин иқдомот на танҳо ҳеч далел ва мантиқи қонӯнӣ надорад, балки дар ҷиҳати густариши беқонӯнӣ аст, ки натиҷаи он убӯр аз СММ ва беэътиноӣ ба қатъномаҳои Шӯрои амният аст.

Амрико ба унвони танҳо истифодакунанда аз силоҳи атомӣ, бузургтарин монеъ бар сари роҳи ҷаҳоне орӣ аз силоҳи атомӣ аст. Аммо Кохи Сафед ба муттаҳидонаш ҳамчун режими саҳюнистӣ дар масири касб ва тавсеъаи зарродхонаи ҳастаӣ кумак карда ва чашми худро ба рӯи фаъолиятҳои ғайри мутаораф(шинохта шуда)-и атомии Исроил ва Арабистон бастааст.

Ноам Чомский (Noam Chomsky), назарияпардози машҳӯри амрикоӣ бо ишора ба бахше аз ин дугонагиҳо дар сиёсатҳои Вашингтон мегуяд:"бесуботӣ мафҳӯми ҷолибе дар гуфтумони сиёсӣ аст. Вақте Эрон бо ДИИШ дар минтақа мубориза мекунад, ин иқдом бесуботӣ таъриф мешавад, аммо ҳангоме, ки Амрико ба Ироқ ҳамла мекунад ва садҳо ҳазор нафарро ба қатл мерасонад, миллионҳо нафарро овора, кишварро нобуд ва даргирии фирқаӣ оғоз мекунад, ки  Ироқро таҷзия кунад ва кулли минтақаро ба ҳам мезанад, терроризмро дар саросари ҷаҳон густариш медиҳад, аз он ба унвони бахше аз рисолати Амрико барои суботсозӣ ёд мешавад, ки бояд ба нафъи ҷаҳон идома диҳем."

Дар чунин вазъияте муқобила бо сиёсатҳои якҷонибагароёнаи Амрико, қатъан як ниёзи ҷаҳонӣ аст ва ҷомеъаи байналмилалӣ бояд роҳи муқобила бо ин сиёсатҳоро пайдо кунад то аз табдил шудани он ба як равия дар равобити байналмилал, ҷилавгирӣ кунад.

Суханони раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар 75-умин нишасти солиёнаи Маҷмаи умумии Созмони Милали муттаҳид дар воқеъ баёни таъсиоти якҷонибагароии Амрико бар сарнавишти ҷаҳон аст, ки дар пушти шиорҳои фарибандае чун дифо аз амният, демократия ва ҳуқуқи башар пинҳон шудааст.
 

 

Барчасп