Ҷон бохтани 184 нафари дигар дар Эрон бар асари корона
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57732-Ҷон_бохтани_184_нафари_дигар_дар_Эрон_бар_асари_корона
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 184 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвараш хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 23, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Ҷон бохтани 184 нафари дигар дар Эрон бар асари корона

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 184 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвараш хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон , Симо  Содоти Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта  се ҳазору 605 бемори дигар дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдоди як ҳазору 594 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшони ироа  шуд.
Лорӣ гуфт : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 432 ҳазору 798 нафар расидааст, ки то кунун 365 ҳазору 846 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас  шудаанд.
 Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта , 184 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 840 нафар  расидааст.
 Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 31 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  976 ҳазор нафар  ҷони худро аз даст доданду беш аз 23 миллион нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .