Ҷон бохтани 184 нафари дигар дар Эрон бар асари корона
Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз фавти 184 нафар дар 24 соати гузашта дар кишвараш хабар дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон , Симо Содоти Лорӣ рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба Ковид - 19 дар Эрон ба хабарнигорон гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта се ҳазору 605 бемори дигар дар Эрон шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдоди як ҳазору 594 нафар бистарӣ шуданду ба бақияи беморон низ хадамоти мавриди ниёзшони ироа шуд.
Лорӣ гуфт : маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 432 ҳазору 798 нафар расидааст, ки то кунун 365 ҳазору 846 нафар аз онон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.
Вай афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта , 184 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 24 ҳазору 840 нафар расидааст.
Теъдоди афроди олуда ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 31 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дасти кам 976 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданду беш аз 23 миллион нафар ҳам беҳбуд ёфтаанд .