Шиносоии беш аз се ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон
(last modified Thu, 24 Sep 2020 12:25:07 GMT )
Сентябр 24, 2020 17:25 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз се ҳазор бемори мубтало ба корона дар Эрон

Сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз се ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона дар 24 соати гузашта дар кишвар хабар дод.

 « Симо Содот Лорӣ » сухангӯии Вазорати беҳдошт , дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон  рӯзи панҷшанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар гуфт : бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ , дар 24 соати гузашта , се ҳазору 521 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон  шиносоӣ шуд, ки аз ин теъдод  як ҳазору 569 нафар бистарӣ шуданд .
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморониКовид - 19 дар Эрон ба 436 ҳазору 319 нафар расидааст , афзуд : муттаассифона дар 24 соати гузашта , 175 нафар аз беморони Ковид  -и 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 25 ҳазору 15 нафар расидааст .
Ба гуфтаи сухангӯи  Вазорати беҳдошти Эрон ,  то кунун 367 ҳазору 829 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 32 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод  дасти кам  982 ҳазор нафари  ҷони худро аз даст доданду беш аз 23 миллион нафара ҳам беҳбуд ёфтаанд .

Барчасп