Сентябр 24, 2020 18:47 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи намоишгоҳи Роҳи абрешими дарёӣ бо ҳузури Эрон дар Чин

Намоишгоҳи Роҳи абрешими Чин бо иштироки мақомоти Чин ва намояндагони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Гуанчжоу ифтитоҳ ёфт.

Ба гузориши ИРНА, дар ин намоишгоҳ, ки аз соли 2014 то кунун ба унвони намоишгоҳи Роҳи абрешими дарёии қарни бистуякум  баргузор мешавад, садҳо ширкат аз Чин ва кишварҳои шарик дар ибтикори « як камарбанд-як ҷода » ҳузур доранду тавонмандиҳои худро ба намоиш гузоштаанд .
Ғурфаи Ҷумҳурии Исломии Эрони ҳам дар ин намоишгоҳ ба ҳиммати сарконсулгарии ин кишвар дар Гуанчжоу фаъол аст .
Тарҳи ҷодаи абрешими навин ба унвони як камарбанд-як ҷода , як тарҳи сармоягузорӣ дар зербиноҳои иқтисодӣ аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон аст, ки аз сӯи «Си Ҷинпин » Раиси Ҷумҳурии Чин дар соли 2013 матраҳ ва бо сармоягузорӣ беш аз як ҳазор миллиард доллар оғоз шудааст .
Ҳамакнун беш аз 123 кишвари ҷаҳон ва 29 созмони байналмилалӣ қарордоди ҳамкорӣ бо Чинро ба имзо  расондаанд .

Барчасп