Таъкиди Эрон ва Русия бар ғайриқонӯни будани талошҳои Амрико барои бозгардондани таҳримҳо
Муовинони вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия бар ғайриқонӯни будани талошҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои бозгардондани таҳримҳои лағвшудаи Шӯроии амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъкид карданд.
Ба гузориши ИРНА, дар дидори Сайидаббоси Ироқчӣ, муовини сиёсии вазири умури хориҷаи Эрон ва Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар Маскав, дар хусӯси равобити ду ҷониба ва муҳимтарин масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ва соири мавзӯоти мавриди алоқа гуфтугӯ ва табодули назар шуд.
БарҶом ва талошҳои аъзои он барои ҳифз ва иҷрои комили ин тавофуқ, аз дигар меҳварҳои гуфтугӯи Ироқчи Рябков буд.
Муовинони вазирони умури хориҷаи Эрон ва Русия ҳамчунин талошҳои Иёлоти Муттаҳида барои бозгардондани таҳримҳои лағвшудаи Шӯрои амнияти Созмони Милалро ғайриқонӯнӣ унвон карданд.
Ироқчӣ ба ҳамроҳи Муҳамадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи чаҳоршанбе вориди Маскав шуд.