Шиносоии беш аз 3 ҳазор бемори мубтало ба куруно дар Эрон
(last modified Fri, 25 Sep 2020 12:52:18 GMT )
Сентябр 25, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Шиносоии беш аз 3 ҳазор бемори мубтало ба куруно дар Эрон

Сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон аз шиносоии беш аз 3 ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба куруно дар 24 соъати гузашта дар кишвар хабар дод.

Симо Содот Лорӣ, сухангӯи вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрони рӯзи ҷумъа дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси куруно дар кишвар гуфт, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соъати гузашта, се ҳазору 563 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид- 19 дар Эрон шиносоӣ, ки аз ин теъдод як ҳазору 708 нафар бистарӣ шуданд.

Лорӣ бо баёни инки маҷмӯи беморони Ковид- 19 дар Эрон ба 439 ҳазору 882 нафар расида аст, афзуд, муттаассифона дар 24 соъати гузашта, 207 нафар аз беморони Ковид-19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 25 ҳазору 222 нафар расидааст.

Ба гуфтаи  вай, токунӯн 369 ҳазору 842 нафар аз беморон беҳбӯд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси куруно дар ҷаҳон низ ба беш аз 32 миллион нафар расида аст, ки аз ин теъдод дастикам 988 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудӯди 24 миллион нафар ҳам беҳбӯд ёфтаанд.

 

Барчасп