Сентябр 27, 2020 11:59 Asia/Dushanbe
  • Намоишгоҳи мошинҳои мусофиратӣ дар Кохи Ниёварон+акс

Корвони намошигоҳи мошинҳои мусофиратии Эрон аз 24 сентябр ва ба муносибати рӯзи ҷаҳонии гардишгарӣ (27 сентябр) бо намоиши беш аз 100 худрави мусофиратӣ дар фазои Кохи Ниёварон, фаъолияти расмии худро оғоз кард.

Ба гузориши ИСНА, ин намоишгоҳ бо муҷаввизи Конуни ҷаҳонгардӣ ва автомобилронӣ зери назари Вазорати мероси фарҳангӣ, гардишгарӣ ва саноаъти дастӣ роҳандозӣ шудааст.

Конуни ҷаҳонгардӣ ва автомобилронӣ эълом карда, ин намоишгоҳ ва маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи мошинҳои мусофиратиро бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ баргузор мекунад.

Худравҳои мусофиратӣ, як сабки сафар аст, ки теъдоди онҳо дар Эрон дар ҳоли афзоиш аст, ҳарчанд қавонини роҳнамоӣ ва ронандагӣ барои тараддуди ин худравҳо дар ҷодаҳои Эрон чандон таъриф нашуда ва баъзе аз онҳо машмули муқаррароти худравҳои сангин ва комюн мешаванд.