Сентябр 27, 2020 15:25 Asia/Dushanbe
  • Набарди артиши сурхи Эрон бо Ал Сади Қатар дар Давҳа

Бо оғози марҳалаи якҳаштуми ниҳоии рақобатҳои футболи Лигаи қаҳрамонони Осиё, қирмизпӯшони тими Персополиси Эрон ва тими Ал Сади Қатар асри имрӯз ба масофи якдигар мераванд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, ин мусобиқа аз соати 17: 10 дақиқа ба вақти Теҳрон ва 18:40 дақиқа ба вақти Душанбе дар шаҳри Давҳа баргузор мешавад.

Тими Ал Асади Қатар танҳо намояндаи боқимондаи мизбон дар ин рақобат‌ҳост.

Имрӯз ҳамчунин Ал Нусра ва Ал Таъовуни Арабистон соати 21:15 дақиқаи шаб бо якдигар дидор мекунанд.

Шаби гузашта низ дар дуввумин бозии марҳалаи якҳаштуми ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё, тимҳои Истиқлоли Эрон ва Пахтакори Узбакистон бо қазовати довари уммонӣ ва дар варзишгоҳи Ал Ҷануби Давҳа ба масофи ҳам рафтанд, ки ин дидор бо натиҷаи ду бар як ба нафъи Пахтакори Ӯзбакистон поён ёфт.

Тими футболи Истиқлоли Эрон бо ин шикаст аз роҳёбӣ ба марҳалаи якчаҳоруми ниҳоии Лигаи қаҳрамонони Осиё боз монд.

Токунӯн дар чаҳор гурӯҳи ин бозиҳо тимҳои Ал Аҳлии Арабистон бо 6 имтиёз, Пахтакори Ӯзбакистон бо 10 имтиёз, Персополиси Эрон бо 10 имтиёз ва Ал Нусари Арабистон бо 11 имтиёз дар садри ҷадвали гурӯҳҳои худ қарор доранд.