Сентябр 27, 2020 18:27 Asia/Dushanbe
  • Генерал-майор Саломӣ: Эрон ҳеҷ гоҳ дар тавлиди қудрат мутаваққиф намешавад

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, намоишгоҳи дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдии ҳаво-фазои нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдоронро намоди эътимод ба нафси миллии Эрони исломӣ донист ва гуфт: Ҷумҳурии Исломӣ ҳеч гоҳ дар тавлиди қудрат мутаваққиф намешавад.

Намоишгоҳи доимии дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдӣ ва парки миллии ҳаво-фазои мутаъаллиқ ба нерӯи  ҳаво-фазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар Теҳрон  ифтитоҳ  шуд.
Генерал-майор  « Ҳусаейни Саломӣ » фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар ҳошияи оини ифтитоҳи намоишгоҳи доимии дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдӣ ва парки миллии ҳаво-фазо гуфт: бахши умдае аз ин пешрафтҳои  шигифтангез дар давраи таҳрим ҳосил шуда, ки баёнгари ин воқеъият аст, ки Эрон тавониста аз таҳримҳо фурсати пешрафти шитобдор дар ҳавзаҳои дифоӣ бисозад.
Генерал-майор Саломӣ бо баёни ин ки дар намоишгоҳи дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдӣ ва парки миллии ҳаво-фазо, нақшаи ҷомеъи қудрати боздорандаи низом ба намоиш даромадааст, афзуд : ҷанги имрӯз , ҷанги иродаҳо асту миллати Эрон бо шинохти масири равшани худ бо азму иродаи  қавӣ ин роҳро идомаи медиҳад.
Дар намоишгоҳи доимии дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдӣ ва парки миллии ҳаво-фазоии нерӯи  ҳаво-фазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бахше аз дастовардҳо ва тавонмандиҳои роҳбурдии ин нерӯ дар ҳавзаҳои мушакӣ , паҳподӣ, моҳвораӣ ва падофанди сомонаҳои кашфу шиносоӣ ва ҷанги  электроник ва низ дастовардҳои марокизи пажӯҳишӣ ва таҳқиқотӣ ба намоиш  даромадааст.
Дар ин намоишгоҳ ҳамчунин теъдоде аз паҳподҳои мутаҷовизи аъам аз амрикоӣ ва саҳюнистӣ, ки тавассути сомонаҳои падофанди нерӯи  ҳавофазоии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ соқит шудаанд, ба намоиш даромадааст .

Барчасп