Таъкиди Эрон бар лузуми тавофуқи фаврии муноқишаҳо миёни Озарбойҷон ва Арманистон
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон тавофуқи фаврии даргириҳо ва оғози гуфтугӯ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи муноқишаи Қорабоғро хостор шуд.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон «Саид Хатибзода» рӯзи якшанбе бо ишора ба даргириҳои низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи Қорабоғ тасреҳ кард : Эрон аз наздик ва бо нигаронии даргириҳои низомӣ миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистонро дунбол мекунаду зимни даъвати тарафайн ба хештандорӣ, хоҳони таваққуфи фаврии даргириҳо ва оғози гуфтугӯ миёни ду кишвар аст.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин омодагии Теҳрон барои истифода аз ҳамаи зарфиятҳо ҷиҳати барқарории оташбас ва оғози гуфтугӯҳо миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистонро эълом кард.
Даргириҳои низомӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи Қорабоғ субҳи имрӯз ( якшанбе ) дар ҳоле аз сар гирифта шуд, ки миёнҷигарони байналмилалӣ барои ҷилавгирӣ аз ӣн даргириҳо ҳеч талоши ҷиддӣ дар моҳҳои гузашта аз худ нишон надоданд.
Даргириҳои марзии байни Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар июли гузашта низ даҳҳо кушта ва маҷрӯҳ барҷой гузошт ва ду кишвар якдигарро ба оғози ин даргириҳо муттаҳам карданд.
Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар бораи минтақаи Қорабоғ бо якдигар ихтилоф доранд.
Муноқишаи ин ду кишвар бар сари минтақаи Қорабоғ соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуду дар ин миён мудохилоти бархе кишварҳои хориҷӣ низ боиси афзоиши танишҳо шудааст .