Сентябр 28, 2020 17:18 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 190 нафарии шумори ҷонбохтагони корона дар Эрон

Беш аз се ҳазор бемори ҷадиди мубтало ба корона дар шабонарӯзи гузагта дар Эрон шиносоӣ шуданд ва 190 нафар низ ҷони худро бар асари ин беморӣ аз даст доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон; бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта, се ҳазору 512 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуданд ва маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 449 ҳазору 960 нафар  расид.
 Ҳамчунин дар 24 соати гузашта, 190 нафар аз беморони Ковид -19 ҷони худро аз даст доданду шумори ҷонбохтагони ин беморӣ дар Эрон ба 25 ҳазору 779 нафар афзоиш ёфт .
То кунун 376 ҳазору 531 нафар аз беморони ҳам беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мурраххас шудаанд .
Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон низ ба беш аз 33 миллиону 342 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин теъдод беш аз як миллиону ду ҳазор нафар  ҷони худро аз даст дода ва дасти ками 24 миллиону 654 ҳазор нафар  ҳам беҳбуд ёфтаанд .