Оғози ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлавӣ дар Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i57860-Оғози_ҳамоиши_байналмилалии_Шамс_ва_Мавлавӣ_дар_Эрон
Ҳамзамон бо рӯзи бузургдошти орифи бузурги эронӣ Шамси Табрезӣ, шашумин ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлавӣ бо ҳузури видеоконференсияи пажӯҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ асри имрӯз дар шаҳристони Хуй дар шимоли ғарбии Эрон оғоз ба кор мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 28, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлавӣ дар Эрон

Ҳамзамон бо рӯзи бузургдошти орифи бузурги эронӣ Шамси Табрезӣ, шашумин ҳамоиши байналмилалии Шамс ва Мавлавӣ бо ҳузури видеоконференсияи пажӯҳишгарони дохилӣ ва хориҷӣ асри имрӯз дар шаҳристони Хуй дар шимоли ғарбии Эрон оғоз ба кор мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА; дар ин иҷлос  17 устоди матраҳи Шамсшинос ва Мавлавипружа аз кишварҳои Фаронса, Туркия, Бангладеш ва Эрон ҳузур меёбанд .
Суханрониҳои ин ҳамоиш ба сурати маҷозӣ аз фардо ба муддати се рӯз аз тариқи сайти  Uni Tech вобаста ба камиссиюни миллии Юнеско дар Эрон ироа мешавад .
Барои ин конгресс  56 мақола аз марокизи илмии ва донишгоҳҳои дохилӣ ва хориҷӣ ирсол шуда буд .
Вуҷуди мақбараи Шамси Табрезӣ дар Хуй дар остони Озарбойҷони Ғарбӣ дар шимоли ғарби Эрон сабаб шудааст, ки ҳамасола  конгрессҳои илмӣ ва ҷашнвораҳои мухталифи фарҳангӣ ва ҳунарӣ бо ҳузури ҳунармандо ва Шамспажӯҳони дохилӣ ва хориҷӣ дар маҳалли боргоҳи ин орифи номӣ баргузор мешавад .